Маҷлиси ҷамбасти фаъолияти нимсолаи аввали соли 2024

Санаи 5 июли соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар маҷлиси ҷамбасти фаъолияти нимсолаи аввали соли 2024 баргузор гардид.

Дар маҷлиси мазкур муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Сайдали Сабзалӣ, раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ализода Шодмон Шамс, раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, муовинони якуми раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Аҳёзода Шамсулло Салим, муовини раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Наимзода Пайрав Сулаймонӣ, судяҳои суди вилоят, раисон судҳо, муовинони раисони судҳо ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок доштанд.

Маҷлиси ҷамбастиро раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор кушода, масъалаҳое, ки дар маҷлис баррасӣ мешаванд эълон карда, супас суханро барои маъруза кардан ба муовини раиси суди вилоят муҳтарам Наимзоад Пайрав Сулаймонӣ дод.

Муовини раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Наимзода П.С. оиди натиҷаи фаъолияти суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли 2024 маъруза намуданд.

Баъдан, оиди фаъолияти ҳар як суд дар алоҳидагӣ мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифта шуда, вазифаҳо барои нимсоли дуюми соли 2024 муайян карда шуда, дастуру супоришҳо дода шуд.