Маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи аввали соли 2025





Санаи 25 апрели соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Кохи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар маҷлиси ҷамбасти фаъолияти семоҳаи аввали соли 2025 баргузор гардид.
Дар маҷлиси мазкур муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Лутфуллозода Шавкат, раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, муовини якуми раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Аҳёзода Шамсулло Салим, муовини раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Наимзода Пайрав Сулаймонӣ, муовини раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Ғиёсиддин Низом, муовини раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Бобоҷони Шералӣ, раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон муҳтарам Ҳамзазода Тоҳир Сафар, судяҳои суди вилоят, раисон судҳо, муовинони раисони судҳо ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок доштанд.


Маҷлиси ҷамбастиро раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор кушода, масъалаҳое, ки дар маҷлис баррасӣ мешаванд эълон карда, супас оиди фаъолияти Суди вилояти Хатлон ва судҳои шаҳру ноҳияҳои он дар семоҳаи аввали соли 2025 маъруза намуданд.



Раиси Суди вилояти Хатлон дар хотимаи маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи аввали соли 2025 қайд кард, ки ҳамаи судяҳо ва кормандони судҳои вилояти Хатлон содиқона ба халқу Ватани худ хизмат намуда, бо шаҳрвандон хушмуомила буда, сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намоянд.
Суди вилояти Хатлон 




