Маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти соли 2024
Санаи 3 декабри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Кохи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар маҷлиси ҷамбасти фаъолияти соли 2024 баргузор гардид.
Дар маҷлиси мазкур муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Лутфуллозода Шавкат, раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, муовинони якуми раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Аҳёзода Шамсулло Салим, муовини раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Наимзода Пайрав Сулаймонӣ, судяҳои суди вилоят, раисон судҳо, муовинони раисони судҳо ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок доштанд.
Маҷлиси ҷамбастиро раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор кушода, масъалаҳое, ки дар маҷлис баррасӣ мешаванд эълон карда, супас суханро барои маъруза кардан ба муовини раиси суди вилоят муҳтарам Наимзоад Пайрав Сулаймонӣ дод.
Муовини раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Наимзода П.С. оиди натиҷаи фаъолияти суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар соли 2024 маъруза намуданд.
Раиси Суди вилояти Хатлон дар хотимаи маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти соли 2024 қайд кард, ки ҳамаи судяҳо ва кормандони судҳои вилояти Хатлон содиқона ба халқу Ватани худ хизмат намуда, бо шаҳрвандон хушмуомила буда, сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намоянд.