МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2020 ДАР СУДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

 

Санаи 3 июли соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон маҷлиси ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2020 баргузор гардид.

Дар маҷлиси мазкур муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Исҳоқӣ Амирхон Нусратулло, раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовинони якуми раиси Суди вилояти Хатлон Бойзода Темур Гулбой, муовинони раиси суди вилоят, судяҳои суди вилоят ва раисони судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок доштанд.

Дар маҷлиси ҷамъбастии нимсолаи аввали соли 2020 раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Рустам Пираҳмад баромад карда оиди натиҷаҳои фаъолияти Суди вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли 2020 ахборот дод.

Баъди шунидани ахбороти раиси суди вилоят муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Исҳоқӣ А.Н. ахбороти раисони судҳои шаҳур ноҳияҳои вилояти Хатлонро шунида, фаъолияти онҳоро муҳокимаронӣ намуда, таъкид кард, ки дар фаъолияти минбаъда фаъол буда, ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи судягӣ даст назананд, омилҳои коррупсионира аз байн бурда, парвандаҳоро босифат ва сари вақт баррасӣ намоянд.