Маҷлиси ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2020 дар шаҳри Норак бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон

Санаи 20 апрели соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Норак дар семоҳаи аввали соли 2020 баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҷамъбастии мазкур тибқи рӯйхати намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои иштирок дар маҷлисҳои ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар семоҳаи аввали соли 2020 ба ҳайси намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси Суди вилояти Хатлон, намояндаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Раҳмонзода Сайдали Сабзали, раиси шаҳри Норак Неъматзода Маликшо, муовинони раиси шаҳри Норак, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ иштирок намуданд.

Дар маҷлиси ҷамъбастии мазкур раиси шаҳри Норак баромад карда, оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Норак дар семоҳаи аввали соли 2020 маълумот дод.

Баъди ба анҷом расидани маҷлиси ҷамъбастӣ, раиси шаҳри Норак Неъматзода Маликшо барои пеш аз мӯҳлат ва дар мамлакат аз аввалинҳо шуда, анҷом додани Нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо “Сипоснома” сарфароз гардонида шуда, ҳамзамон аз номи Раиси вилояти Хатлон ба шаҳри Норак ҳамчун барандаи ҷоизаи озмуни вилоятии  “Сайри Гули Лола”-2020 барои ишғоли ҷойи сеюм, мукофот тақдим гардида, қадрдонӣ карда шуд.