Маҷлиси ҷамъбасти соли 2020 дар Суди вилояти Хатлон

Санаи 30 декабри соли 2020 дар толори Кохи фарҳанги  вилояти Хатлон бо иштироки муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Лутфуллозода Шавкат, раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовинони раиси суди вилоят, судяҳои суди вилоят, раисон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҷамъбастии мазкур масъалаҳои варивақт баррасӣ шудани парвандаҳо, бекоршавии санадҳои судӣ аз тарафи судҳои болоӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, инчунин тартибу одоби судягӣ мавридӣ муҳокима қарор гирифта шуд.

Маҷлиси мазкур раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Р.П. оиди натиҷаҳои соли 2020 аз тарафи суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон маъруза намуд.

 

Инчунин дар маҷлиси мазкур масъалаҳои бештар гузаронида судҳои сайёр, қабули таъиноҳои хусусӣ, сари вақт иҷро шудани санадҳои судӣ, сари вақт иҷро шудани ҷазоҳои ҷарима ва гузаронидани ҷамъбастиҳои амалияи судӣ низ мавриди муҳокма қарор гирифта шуд.

Дар охир маросими супоридани шаҳодатномаҳои хизматӣ баргузор гардида, ба раисони судҳо ва судяҳое, ки нав ба вазифаи судягӣ таъин шудаанд шаҳодатномаҳои хизматӣ супорида шуд.