Маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти кории Суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар соли 2022

      

Санаи 3 январи соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Кохи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, муовини якум, муовинони раиси суди вилоят, судяҳои суди вилоят, раисон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти кории Суди вилояти Хатлон дар соли 2023 баргузор гардид.

Тибқи рӯзномаи маҷлис раиси суди вилоят муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор маҷлисро кӯшода эълон карда, ҳамаи судяҳоро бо соли нави мелодии 2023 табрик намуда, пас он ба муҳокимаи фаъолияти кории суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар соли 2022 шурӯъ намуд.

Ҳар як раиси суд вобаста ба фаъолияти суди дахлдор маъруза намуда, аз комёбӣ ва камбудиҳои ҷойдошта мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифта шуд.

Дар охири ҷаласа раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор тамоми судяҳои вилояти Хатлонро оиди дар соли 2023 бо сифат баррасӣ намудани ҳамаи котегорияҳои парвандаҳо, бо шаҳрвадон хушмуомила будан ва алалхусус даст назадан ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи судягӣ (ба хусус кордорҳои коррупсионӣ) таъкид карда, дар соли 2023 бардбориҳоро таманно намуд.