Маҷлиси ҷамъбастии Суди вилояти Хатлон дар соли 2018

Санаи 28 декабри соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон бо иштироки муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ашурзода А. , раиси суди вилоят муҳтарам Мирзозода Р.П. ва муовинони он, судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон маҷлиси чамъбастии дар соли 2018 баргузор гардид.

Дар маҷлиси мазкур раиси суди вилоят муҳтарам Мирзозода Р.П. оиди натиҷаҳои фаъолияти Суди вилояти Хатлон дар соли 2018 маъруза намуд.

Ҳамзамон дар ҷаласаи мазкур оиди фаъолияти судҳои шаҳру ноҳияҳо ва сифати кори судяҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Суди вилояти Хатлон дар соли 2018 Нақшаҳои кории худро ба пуррагӣ иҷро намуда, сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуда, омода аст, ки Нақшаи тасдиқгардидаи суди вилоятро барои соли 2019 ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сари вақт ва бо сифат иҷро намояд.