Маҷлиси фаврӣ (16.11.2020 сол)

Субҳи имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовини якуми раиси суди вилоят Бойзода Темур Гулбой, муовини раиси суди вилоят Аҳёзода Шамсулло Салим, судяҳои суди вилоят ва тамоми кормандони Суди вилояти Хатлон маҷлиси фаврӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси фаврӣ раиси суди вилоят вобаста ба сари вақт баррасӣ намудани парвандаҳо ба сифати марҳилаи якум, баррасии шикоят ва эътирозҳо дар марҳилаи кассатсионӣ ва назоратӣ суханронӣ карда, аз судяҳо ва кормандони масъули суди вилоят талаб намуд, ки фаъолияти худро бо сифат намуда, даст ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи судягӣ ва ҳокимияти судӣ назананд, тамоми омилҳои коррупсиониро пешгирӣ намоянд.  Инчунин аз тарафи раиси суди вилоят  оиди тозаву озода нигоҳ доштани саҳни ҳавлии суди вилоят дастуру супоришо дода шуд.

Баъди гузаронидани маҷлиси фаврӣ,  ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор градида, дар он раиси суди вилоят Мирзозода М.Р. ҳамаи кормандони суди вилоятро табрик намуда, оиди ин рӯзҳои пуршараф баромад намуд.