Маҷлиси фаврӣ (17.02.2020 сол)

Дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовини раиси суди вилоят Муҳидинзода Сайфидин Салоҳ, судяҳои суди вилоят ва кормандони дастгоҳи суди вилоят маҷлиси фаврии кормандон баргузор гардид.

Дар маҷлиси мазкур хусусан масъалаи бо утоқи корӣ  ва бо таҷҳизотҳои лозимӣ  таъмин кардани судяҳо ба миён овард шуд. Раиси суд Мирзозода Р.П. қайд намуданд, ки ба ҳар як судяи навтаъиншуда утоқи корӣ ҷудо карда шуда, он бо таҷҳизотҳои зарурӣ ҷиҳозонида шавад, то ки сифати кории судяҳо баланд бардошта шаванд.

Инучунин, дар маҷлиси мазкур оиди сари вақт баррасӣ намудани арзу шикоятҳо, гузаронидани ҷамъбастиҳои амалияи судӣ, баррасии парвандаҳо дар марҳилаи кассатсионӣ, хусусан интизоми меҳнат ва сари вақт иҷро кардани вазифаҳои хизматӣ,  пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва даст назадан ба кирдорҳои пастзанандаи ҳокимияти судӣ суханронӣ намуданд.