МАҶЛИСИ ФАВРӢ (17.08.2020 сол)

 

Санаи 17 августи соли ҷорӣ дар толори мҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон маҷлиси фаврии кормандони дастгоҳи суди вилоят бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовини якуми раиси Суди вилояти Хатлон Бойзода Темур Гулбой, судяҳои суди вилоят ва кормандони дастгоҳи Суди вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар маҷлиси мазкур масъалаҳои дуруст ба роҳ мондани интизоми меҳнатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, сари вақ баррасӣ намудани арзу шикоятҳо, қабули шаҳрвандон ва хушмуомила будан бо онҳо, тозаву озода нигоҳ доштани назди бино ва дохили он гузошта шуда.

Инчунин раиси Суди вилояти Хатлон оиди оиди пешгирии бемории нави коронавирус дар ҳудуди бино супоришҳои қатъӣ дода, таъкид кард, ки қоидаҳои санитарӣ ва тозагии гигиенӣ, инчунин шустани роҳрав ва мизу курсиҳо бо маҳлули хлор ва маводҳои антисептикӣ дуруст  ба роҳ монда шаванд. Инчунин шаҳрвандоне, ки дохили бино мешаванд ҳатман ниқоб дошта, фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд ва дастонашонро бо маҳлулҳои антисептикӣ тоза намоянд.