Маҷлиси фаврӣ 29.11.2021 сол

 

Санаи 29 ноябри соли ҷорӣ маҷлиси фаврии кормандони Суди вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур раиси Суди вилояти Хатлон оиди фаъолияти ҳамаи кормандони суди вилоят , аз қабили сари вақт баррасӣ намудани парвандаҳои марҳилаи якум, шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ, ба кашолкориҳо роҳ надодан, интизоми меҳнат ва муомилаи хуб бо шаҳрвандон, суханрони намуда, таъкид карда, ки даст ба кирдорҳои пастзанандаи ҳокимияти судӣ назананд ва аз амалҳои коррупсионӣ даст кашанд.

Инчунин, раиси суди вилоят таъкид кард, ки дар пеш ҳисоботи солона аст ва ҳамаи камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф карда таёрӣ ба ҳисоботҳо тарҳрезӣ карда шавад.