МАҶЛИСИ ФАВРӢ (31.08.2020 сол)

   

Санаи 31 августи соли ҷорӣ дар толори мҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон маҷлиси фаврии кормандони дастгоҳи суди вилоят бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовини якуми раиси Суди вилояти Хатлон Бойзода Темур Гулбой, муовини раиси суди вилоят Аҳёзода Шамсулло Салим, судяҳои суди вилоят ва кормандони дастгоҳи Суди вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар маҷлиси мазкур масъалаҳои дуруст ба роҳ мондани танзими меҳнат, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, сари вайт барарсӣ намудани арзу шикоятҳо, қабули шаҳрвандон ва хушмуомила будан бо онҳо, тоза ву озода нигоҳ доштани назди био ва дохили он гузошта шуда.

Инчунин раиси Суди вилояти Хатлон оиди оиди пешгирии бемории нави коронавирус дар ҳудуди бино супоришҳои қатъӣ дода, таъкид кард, ки қоидаҳои санитари ва тозагии гигенӣ, инчунин шустани роҳрав ва мизу курсиҳо бо маҳлули хлор ва маводҳои антисептикӣ ба роҳ монда шаванд. Инчунин шаҳрвандоне, ки дохили бино мешаванд ҳатман ниқоб дошта, фосилаи иҷтимоиро риоя намоянд ва дастонашонро бо маҳлулҳои антисептики тоза намоянд.