Маҷлиси фаврии кормандони дастгоҳи Суди вилояти Хатлон

Субҳи 11 ноябри соли 2019 чун ҳарвақта соати 08:00 дақиқа бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовини раиси суди вилоят Муҳидинзода Сайфидин Салоҳ, судяҳои суди вилоят ва кормандони дастгоҳи суди вилоят маҷлиси фаврии кормандони дастгоҳи Суди вилояти Хатлон доир гардид.

Дар маҷлиси фаврӣ масъалаҳои тартибот, интизомӣ меҳнат, сари вақт ва босифат иҷро кардани вазифаҳои хизматӣ, сари вақт ва бо сифат баррасӣ намудани арзу шикоятҳо, парвандаҳо ва дигар маводҳои иҷроишӣ, пешгири кардани кирдорҳои хусусияти коррупсионидошта ва даст назадан ба ин гуна кирдорҳо гузошта шуд.

Инчунин ба сардори шуъбаи умумии суди вилоят Азиззода Ф. супориш дода шуд, ки навбатдорӣ дар гузаргоҳи суди вилоят ва кори шуъбаро ба назорат гирифта, оиди сари вақт дар ҷойҳои корӣ ҳозир шудани кормандони дастгоҳ чораандешӣ намояд, то ки тартибот ва интизоми меҳнат ба таври дахлдор ба ҷо оварда шаванд.

Аз тарафи раиси суди вилоят Мирзозода Р.П. ба судяҳои суди вилоят дастуру супоришҳо дода шуд, ки баҳри таъмини адолати судӣ, саривақт ва бо сифат  парвандаҳо, арзу шикоятҳо ва маводҳои иҷроишӣ баррасӣ намуда, дар фаъолияти худ ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи судягӣ роҳ надиҳанд.

Дар охир раиси суди вилоят масъалаҳои тоза нигоҳ доштани дохилӣ бино ва назди бинои суди вилоят аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, супориш дод, ки ҳамаи кормандон, аз ҷумла фаррошон ва рубанда утоқҳои кориро дар ҳолати тоза нигоҳ доранд ва саҳни ҳавлӣ доимо бояд тозаву озода бошад. Навбатдорон ва посбонон ба гузаргоҳи суди вилоят диққат диҳанд, то ки тартибот дохилии бино риоя карда шуда, шахсони воридшавандаро аз назар гузаронда, ба ҳолатҳои ногувор роҳ нидаҳанд.