Маҷлиси фаврии кормандони Суди вилояти Хатлон (14.12.2022 сол)

Субҳи имруз дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, муовини якуми раиси суди вилоят муҳтарам Аҳёзода Шамсулло Салим, муовини раиси Суди вилояти Хатлон Наимзода Пайрав Сулаймонӣ, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди вилояти Хатлон маҷлиси фаврии кормандони суди вилоят баргузор гардид.

Дар маҷлиси мазкур раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Н.Ғ. оиди сари вақт ба анҷом расонидани ҳисоботҳои солона, интизоми меҳнат, сари вақт баррасӣ намудани парвандаҳо ба сифати марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ, супориши қатъи дода, таъкид кард ки бо шаҳрвандон хушмуомила буда, даст ба кирдорҳои коррупсионӣ назанад.

Инчунин, бо мақсади тоза ва озода нигоҳ доштани гирду атрофи бино ва таъмини амнияти кормандон ва шаҳрвандони муроҷиат мекарда аз тарафи роҳбарияти Суди вилояти Хатлон супориш дода шуд, ки чораҳои дахлдор андешида шуда, шанбегиҳо гузаронида шуда, навбатдорӣ аз ҳисобӣ кормандони суди вилоят ташкил карда шавад.