Маҷлиси фаврии судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди вилояти Хатлон 25.11.2019 сол

Субҳи 25 ноябри соли ҷорӣ  дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон маҷлиси фарвии судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди вилоят баргузор гардид. Маҷлисро раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад кушода, дар маҷлис масъалаҳои сари вақт баррасӣ шудани парвандаҳое, ки дар онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 25 октябри соли 2019 татби қарда мешаванд, интизоми меҳнатӣ, нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти бино ва шаҳрвандон, пешгирии амалҳои коррупсионӣ аз тарафи судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди вилоят ҳангоми баррасии парвандаҳо ва алалхусус ҳангоми татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 25 октябри соли 2019 аз тарафи раиси суди вилоят Мирзозода Рустам Пираҳмад гуфта шуд.

Дар маҷлиси мазкур раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П. оиди тайёриҳо барои супоридани ҳисоботи солона ва иҷрои Нақшаи кории суди вилоят барои нимсолаи дуюми соли 2019 супоришҳо дода, қайд намуд, ки ҳар як банди Нақшаи кории нимсолаи дуюм сари вақт иҷро карда шуда, оиди иҷроиши он шахсони масъул  ахборот диҳанд.

Инчунин оиди ба кашолкорӣ роҳ надодан аз тарафи судяҳо ҳангоми баррасии шикоятҳои назоратӣ ва сари вақт ирсол намудани ҷавоби шикоятҳо чораандешӣ намудан, аз тарафи раиси суди вилоят Мирзозода Р.П. супоришҳои қатъи дода шуд.

Бо мақсади саривақт ва бо сифат иҷро кардани дастуру супоришҳои роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси суди вилоят Мирзозода Р.П. ба сардори Раёсати суди вилоят Нуриддинзода А.А. супориш дод, ки ягон дастуру супориши роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ирсоли ахборот намонад ва назоратро дар ин самт пурзур намояд.