Маҷлиси фаврии судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди вилояти Хатлон 9.12.2019 сол

 

Субҳи 9 декабри соли ҷорӣ  дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон маҷлиси фарвии судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди вилоят баргузор гардид. Маҷлисро раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад кушода, дар маҷлис оиди иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳангоми вохӯрӣ бо судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунинмасъалаҳои сари вақт баррасӣ шудани парвандаҳое, ки дар онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 25 октябри соли 2019 татбиқ қарда мешаванд, интизоми меҳнатӣ, нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти бино ва шаҳрвандон, пешгирии амалҳои коррупсионӣ аз тарафи судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди вилоят ҳангоми баррасии парвандаҳо ва алалхусус ҳангоми татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 25 октябри соли 2019, супоришҳои қатъӣ дода шуд.