Маҷлиси фаврии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон (минтақаи Бохтар)

 

Санаи 16 феврали соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи суди вилояти Хатлон маҷлиси фаврии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон (минтақаи Бохтар) баргузор гардид.

Дар маҷлиси фаврии мазкур муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Сайдалӣ Сайбзалӣ, раиси суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, муовини якуми раиси суди вилоят Аҳёзода Шамсулло Салим, муовини раиси суди вилоят Наимзода Пайрав Сулаймонӣ, судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳур ноҳияҳои минтақаи Бохтар иштирок доштанд.

Дар мҷлиси фаврӣ оиди дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар хусуси қонунияту адолат, пешгири омилҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар дастуру супоришҳое, ки баҳри таъмини адолати судӣ равона карда шудааст.