Маҷлиси навбатии Шӯрои вилоятии мутобиқсозии методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди Раиси вилояти Хатлон

 

Санаи 24 декабри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи тибқи Нақшаи кории Шӯрои вилоятии мутобиқсозии методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди Раиси вилояти Хатлон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Хатлон бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон, раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Рустам Пираҳмад ба ҳайси аъзои Шӯро ва дигар аъзоёни Шӯрои вилоятии мутобиқсозии методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди Раиси вилояти Хатлон маҷлиси навбатӣ доир гардид.

Тибқи Нақшаи Шӯрои мазкур барои соли 2019 масъалаҳо оид иҷро шудани бандҳои Нақшаи кории Шӯро ва пешниҳодҳо барои таҳияи Нақшаи корӣ барои соли 2020 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.