Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар (4.03.2022 сол)

 

Санаи 4 марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи бинои Суди вилояти Хатлон бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовини раиси суди вилоят муҳтарм Аҳёзода Шамсулло Салим, судяҳои суди вилоят ва кормандони дастгоҳи суди вилоят маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид.

Дар маҷлиси тантанавӣ раиси суди вилоят муҳтарам Мирзозода Р.П. ҳамаи корагрони занро, ки дар суди вилоят кору фаъолият доранд бо Рӯзи Модар табрик намуда, ба ҳар кадоми онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Дар табрикоти худ раиси суди вилоят оиди фаъолияти занҳо дар ҳокимияти судӣ ва дастовардҳои бе назири онҳо дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҳокимияти судӣ, инчунин баробарҳуқуқии зану мард ва дастгири намудани занҳо ва мақоми онҳо  аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сухан карда, ҳамчун зан-модар барои онҳо хушбахти хонаи обод ва тани сиҳат орзу намуд.