Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар-8 Март

      

Санаи 7 марти соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон бо иштироки раиси суди вилоят муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, муовини якуми раиси суди вилоят муҳтарам Аҳёзода Шамсулло Салим, муовини раиси суди вилоят муҳтарам Наимзода Пайрав Сулаймонӣ, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди вилояти Хатлон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид.

Раиси суди вилоят муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор ҳамаи бонувоне, ки дар дастгоҳи суди вилоят кор ва фаъолият доранд бо ин рӯзи муқаддас, ки ба Модарон бахшида шудааст, табрик намуда, ба онҳо таҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Дар охир раиси суди вилоят муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор ҳамаи кормандони суди вилоятро бо Рӯзи Модар табрику муборакбодӣ намуда, барои Модарони ҳар яки онҳо саломативу умри дарози пурбаракат, хурсандиву хушбахтии рузгорро орзу намуд.