Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи модар» 8 март

 

санаи 5 марти соли ҷорӣ  дар толори маҷвлисгоҳи Суди вилояти Хатлон бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Рустам Пираҳмад. муовини раиси Суди вилояти Хатлон Муҳидинзода Сайфидин Салоҳ, судяҳои зан, ки дар судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон кору фаъолият карда истодаанд, инчунин судяҳои суди вилоят ва кормандони дластгоҳи суди вилоят маҷлиси тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи модар» 8-март баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси суди вилоят Мирзозода Р.П. ҳамаи судяҳои зан ва тамоми кормандони зане, ки дар дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон кору фаъолият доранд табрик намуда, барои онҳо бурдборӣ , саломатӣ ва хушбахтиро таманно намуд.

Инчунин бо ташаббуси раиси суди вилоят ба судяҳои зан ва кормандони зан, ки дар дастгоҳи суди вилоят кору фаъолият доранд бо мақсади қадрдонӣ кардан ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.