Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябр)
22 ноябри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи судии Суди вилояти Хатлон бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон мӯҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлиси тантанавии мазкур раиси суди вилояти мӯҳтарам Мирзозода Р.П. ҳамаи кормандони судро бо ҷашнгирии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, барои ҳар як хонадони онҳо осмони софу беғубору сарбаландӣ, тани сиҳату хонаи ободро орзуманд шуда, барои Тоҷикистони азизамон тенҷиву оромӣ, сулҳу субот ва хоҳони он шуд, ки парчами давлатӣ ҳамеша дар осмони софу беғубор барафшон бошад.
Баъди гузаронидани маҷлиси тантанавӣ раиси суди вилоят Мирзозода Р.П. дастуру супоришҳое, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар вохури бо кормандони ҳокимияти судӣ додаанд, ба ҳамаи кормандони суди вилоят расонида, қайд намуд, ки «Ҳамаи мо бояд тарафдори сулҳу субот, адолати иҷтимоӣ ва ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошем». Инчунин, раиси суди вилояти Мирзозода Р.П. қайд намуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як кормандон бояд тартибу интизомро риоя карда, ба шаҳрвандон эҳтиром зоҳир намуда, аз ҳама гуна амалҳои корррупсионӣ худро эмин нигоҳ доранд ва роҳ надиҳанд, ки дар ҳокимияти суди ба чунин фассодкорӣ даст зананд.