Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябр)

Субҳи 15 ноябри соли ҷорӣ баъди гузаронидани маҷлиси фаври судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди вилоят маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябр) баргузор гардидад.Маҷлиси тантанавиро раиси суди вилоят Мирзозода Рустам Пираҳмад оғоз намуда, баромад кард. Дар баромади худ раиси суди вилояти Мирзозода Р.П. қайд намуд, ки:

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) буда,  ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Рӯзи ид муайян кардани 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рӯзи такдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон, давраи муҳими оғоз намудан ба иҷрои вазифаи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи  аст. Хушбахтона бояд тазаккур дод, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят мушкил ва таърихан муҳим доир гардида, дар иҷлосияи тақдирсоз Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Зикр кардан ба маврид аст, ки бо назардошти саҳми арзанда ва хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, мо мардуми ин сарзамини хуррам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб намудем ва ифтихор аз ин президент менамоем.

Ҷашни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз ҷашнҳои давлатӣ таҷлил мегардад. Таъсиси ин ҷашн бо назардошти маъруфият ва дастгирии сарвари давлат дар байни аҳолии кишвар нақши муҳимеро, ки роҳбари давлат мебозад, тарҳрезӣ кардааст. Фаъолиятҳои сулҳҷӯёнаи ӯ борҳо бо мукофотҳои давлатӣ ва мукофотҳои давлатҳои хориҷӣ сарфароз гардидаанд, ки саъйҳои Президенти Тоҷикистонро дар истиқрори сулҳ дар минтақа эътироф ва қадрдонӣ кардаанд.

Эҳтиром ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фарди Ватан нисбат ба давлатдории миллӣ буда, мардуми шарифи Тоҷикистон бо ҳамроҳии Президент дар ҳамаи самтҳои сиёсати сулҳҷӯёнаи давлатӣ садоқатмандона заҳмат мекашанд.

Баъдан раиси суди вилоят сухани табрик намуда, ҳамаи кормандонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Сухани табрикии раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П.бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябр)

“Итминон дорам, ки кулли мардуми бонангу номуси тоҷик бо азму талоши созанда ва бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари соҳибистиқлоли худ минбаъд низ барои ба як мулки пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Шуморо  шахсан аз номи роҳбарияти Суди вилояти Хатлон бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони Шумо иқболу саодат, файзу баракат ва ба кишвари маҳбубамон сулҳу ваҳдати ҷовидонии миллӣ орзу менамоям!”

 

Ташаккур барои диққат!