МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи  16 ноябри соли 2020 дар Суди Олӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён доир ба нақши институти президентӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ, хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолияти миллӣ, эъмори давлати ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, демократӣ, ягона ва дунявӣ дар Тоҷикистон, муттаҳидию сарҷамъии миллат, таҳкими низоми судии кишвар ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд қайд намуд.
Зикр карда шуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр ҳамасола Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
IMG_8379.JPGҲамчунин дигар иштирокчиён доир ба ин масъала қайд намуданд, ки ҳамчун рӯзи ид муайян кардани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон, марҳилаи муҳими давлатии шурӯъ намудан ба иҷрои вазифаи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи навқабулгардида ба ҳисоб меравад.
Бешубҳа Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани ин рӯз бо назардошти саҳми арзанда ва хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун яке аз санаҳои таърихӣ дар давлатдории навини тоҷикон, бо як шаҳомат ҷашн гирифта мешавад.
Қайд карда шуд, ки мутобиқи моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад».
Дар кишварҳои шакли идораи президентӣ чун қоида Президент аз ҷониби халқ интихоб шуда, сарвари ҳокимияти иҷроия мебошад, шахси мансабдори олӣ ба шумор рафта, дар идораи давлат нақши асосиро иҷро мекунад.
Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад, Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ менамояд, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам медиҳад, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад. IMG_8335.JPG
Рӯзи Президент ҷашнест, ки барои дарку эҳсоси ҳуввияти миллӣ, шинохту эҳтироми рамзҳои давлатӣ ва дар заминаи чунин арзишҳо таъмин намудани идомаи раванди пешрафти минбаъдаи истиқлолияти сиёсӣ заминаи босазо мегузорад.
Тибқи дастури роҳбарияти Суди Олӣ чунин чорабиниҳои тантанавӣ дар судҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва судҳои ҳарбии гарнизонҳо низ доир карда шуданд.
Ҳамзамон дар арафаи ҷашни мазкур биноҳои Суди Олӣ ва судҳои поёнӣ бо шиору овезаҳои ҷашнӣ оро дода шуданд.

Бахши иттилооти Суди Олӣ

https://sud.tj/