Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Норак
Санаи 28 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Норак маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.






Дар ин маърака Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Тағозода Абдуқаҳҳор Саидмурод, муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-раиси коллегияи ҳарбӣ муҳтарам Раҷабзода Ҳотам Назар, раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, муовини якуми раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Аҳёзода Шамсулло Салим, муовини раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Наимзода Пайрав Сулаймонӣ, муовини раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Ғиёсиддин Низом, муовини раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Бобоҷони Шералӣ, судяҳои суди вилоят, раисон, муовинони раисон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок варзиданд.






Дар умуми аз ҷоноби суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар масоҳати зиёда аз 3 гектар замин беш аз 3 ҳазор дарахтони гуногуни соядиҳандаи беҳосил шинонида шуд, ки ин барои муҳити зисти шаҳри Норак таъсири хуби экологӣ мерасонад.
Суди вилояти Хатлон 




