Маросими ҷамъбасти озмуни муштарак бо унвони мақолаи беҳтарин бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ»
Санаи 1 ноябри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Кохи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мароси ҷоизасупории озмуни муштараки Идораи рӯзномаи Хатлон ва Суди вилояти Хатлон бо унвони мақолаи беҳтарин бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баргузор гардид.
Дар ин маросим муовини Раиси вилояти Хатлон муҳтарама Абдусаломзоад Анзурат Абдусалом, раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, сармуҳаррири Идораи рӯзномаи «Хатлон» Носирҷон Маъмурзода, ғолибони озмун, иштирокчиёни фаъоли озмуни мазкур, судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, кормандони дастгоҳи суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, кормандони Идораи рӯзномаи «Хатлон ва намояндагон Васоити Ахбори Омма иштирок намуданд.
Боряд зикир кард, ки дар асоси эълони озмуни муштараки эҷодии Идораи Рӯзномаи “Хатлон” ва Суди вилояти Хатлон барои беҳтарин мақола таҳти унвони “Маърифати ҳуқуқӣ” чунин гузориш медиҳам, ки дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 соли ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, таҳти № №668 дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” элон намудани соли 2024 ва ба ифтихори 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шуд.
Санаи 8 феврали соли 2024 Низомномаи озмуни муштараки эҷодии Идораи Рӯзномаи “Хатлон ва Суди вилояти Хатлон барои беҳтарин мақола таҳти унвони “Маърифати ҳуқуқӣ” аз ҷониби раиси Суди вилояти Хатлон ва сармуҳаррири Идораи рӯзномаи Хатлон тасдиқ гардид.
Тибқи Низомномаи мазкур озмуни мазкур таҳти роҳбари ва назорати сармуҳаррири Идораи рӯзномаи Хатлон Маъмурзода Носирҷон ва муовини раиси Суди вилояти Хатлон Наимзода Пайрав Сулаймонӣ гузаронида шуд.
Муҳлати пешниҳоди мавод барои иштирок дар озмуни мазкур аз рӯзи оғози эълон то 1 ноябри соли 2024 муқаррар гардида буд.
Беш 50 адад мақолаву маводҳо барои нашр ба Идораи рӯзномаи Хатлон тибқи эълони озмун ворид шуд.
Тибқи банди 8 Низомномаии зикршуда озмуни мазкур аз ҷониби Кумитаи тадорукот санаи 1 ноябри соли 2024 ҷамъбаст гардид ва ғолибони озмун аз тарафи Идораи рӯзномаи Хатлон бо дипломҳои дараҷаи 1,2,3 ва аз тарафи Суди вилояти Хатлон бо туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Инчунин, тибқи банди 9 Низомномаи мазкур ғолибони озмун ба таври зайл қадрдонӣ карда шуданд:
-Як ҷойи якум -3000 (се ҳазор) сомонӣ
-Ду ҷойи дуюм -2000 (ду ҳазор) сомонӣ (ба ҳар яке)
-Се ҷойи сеюм -1000 (ҳазор) сомонӣ (ба ҳар яке)
Инчунин, иштирокчиёни фаъоли озмун бо Ифтихорномаи Суди вилояти Хатлон ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.