Маросими супоридани Ифтихорномаи раиси Суди вилояти Хатлон барои иштирок ва иғоли ҷойҳои намоён дар мусобиқаи варзишии гуштини миллии «Гуштингирӣ» барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

Санаи 30 апрели соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон баъди гузаронидани машғулиятҳои семинарии кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон маросими супоридани Ифтихорномаи раиси Суди вилояти Хатлон баргузор гардид.

 

Дар асоси Фармони раиси Суди вилояти Хатлон аз 15 апрели соли 2021, таҳти №17 барои иштирок ва саҳми арзанда гузоштан дар мусобиқаҳои варзишии байни ҷавонони Мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон, инчунин барои иштирок ва иғоли ҷойҳои намоён дар мусобиқаи варзишии гуштини миллии «Гуштингирӣ» барои дарёфти  «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Мирзоализода Латифҷон — котиб-ҳуруфчини Суди ноҳияи Хуросон, Асадуллозода Ҷамолиддин Неъматулло — котиби Суди ноҳияи Хуросон, Хоҷаев Салоҳиддин Айниддинович — пристави судии Суди ноҳияи Кӯшониён бо ифтихорномаи раиси Суди вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.