Маросими супоридани шаҳодатномаҳои хизматӣ

Санаи 27 сентябри соли ҷорӣ дар бинои суди вилояти Хатлон маросими супоридани шаҳодатномаҳои хизматӣ ба судяҳои навтаъиншуда баргузор гардид.

Дар маросими мазкур раиси суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, муовини раиси суди вилояти Хатлон муҳтарам Наимзода Пайрав Сулаймонӣ ва судяҳои навтъаиншуда иштирок намуданд.

Раиси суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор ба ҳар кадоми судяҳои навтаъиншуда шаҳодатномаҳои хизматиашонро супорида, таъкид намуд, ки шаҳодатномаҳои хизматии худро нигоҳ дошта, одоби судягиро ба ҷо оваранд ва дар фаъолияти худ пурмасъулият шуда, бо дилу виҷдони пок содиқона адолати судиро ҷорӣ намоянд.