Машғулиятҳои семинарии кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои моҳи феврали соли 2019

Санаи 22 феврали соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон бо иштироки сардори Раёсати  таъмину ташкили кори судҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзода А., судяи суди вилоят Пирмуҳаммадзода С.Н.  ва сардори Раёсати суди вилоят Нуриддинзода А.А. машғулияти семинарии кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар машғулияти мазкур ҳамаи кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва суди вилоят иштирок намуда, тибқи нақшаи кории машғулиятҳои семинарӣ барои нимсолаи якуми соли 2019 дар мавзӯҳои гуногун шахсони вобасташуда баромадҳо доир намуданд.

Хусусан дар машғулияти мазкур Алохонзода И. -котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Ёвон,  Салимзода Ё.-котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Кӯшониён, Абдуқодирзода М.- котиби маҷлиси судии Суди шаҳри Бохтар, Саймуродзода И.-котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Вахш, Мусулмонов Ҳ.-котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Хуросон дар мавзӯҳои «Меросгирӣ мутобиқи қонун» , «Шахсоне, ки бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд», «Муносибатҳои меҳнатӣ, Субектҳои муносибатҳои меҳнатӣ»,  «Шинос шудан бо парванда ва мавод», «Меъёрҳои коллизионӣ» баромад намуданд.

Дар машғулияти мазкур сардор  Раёсати туъмину ташкили кори судҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баромад карда,  ҳамаи кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро таъкид карда, ки дар кори худ пурмасъулият буда, саривақт ва бо сифат вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо иҷро карда, ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи ҳокимияти судӣ, алалхусус ба кирдорҳои характери коррупсионидошта даст назананд. Бо шаҳрвандон хушмуомила буда, байни худ эҳтиром пайдо кунанд.