Машғулиятҳои семинарии кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар моҳи январи соли 2020

Санаи 31 январи соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон бо иштироки сардори Раёсати суди вилоят Нуриддинзода А.А., мутахассисони суди вилояти Пирмуҳаммадзода С.Н. ва Холов И. машғулияти семинарии кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон баргузор гардид.

 

сардори Раёсати суди вилоят Нуриддинзода А.А. машғулиятро оғоз намуда, дар он тибқи нақшаи кории машғулиятҳои семинарӣ барои нимсолаи якумми соли 2020 дар мавзӯҳои гуногун шахсони вобасташуда баромадҳо доир намуданд.

Хусусан дар машғулияти мазкур Абдураҳимов У.-сардори шӯъбаи умумии  Суди ноҳияи Қубодиён, Саймуродзода И.С..-котиби маҷлиси судии Суди ноияи Вахш, Раҳматуллозода Ш..-котиби маҷлиси судии Суди шаҳри Леваканд, Холзода Ф.-котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Дӯстӣ ва Акрамзода М.-котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Ҷ.Балхӣ дар мавзӯҳои «Омода ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои хизматӣ, қоидаҳои таҳия ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои ташкилию амрдиҳӣ (Тибқи дастурамали мансабӣ), «Протоколи маҷлиси судӣ, санадҳои судӣ, тайёр намудан ва ба расмият даровардани нусхаи санадҳои судӣ», «Тартиби додани варақаи баҳисобгирӣ оид ба парвандаҳои  ҷиноятӣ (шакли 15), ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (шакли №21), варақаи баҳисобгирии омории парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар марҳилаи кассатсионӣ (шакли №22) (тибқи дастурамалӣ мансабӣ)»,  «Омӯзиш, мазмун ва муҳтавои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Омӯзиш, мазмун ва муҳтавои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» баромад намуданд.

Дар машғулияти мазкур сардори Раёсати суди вилоят Нуриддинзода А.А.,баромад карда,  ҳамаи кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро таъкид карда, ки дар кори худ пурмасъулият буда, саривақт ва бо сифат вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо иҷро карда, ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи ҳокимияти судӣ, алалхусус ба кирдорҳои характери коррупсионидошта даст назананд. Бо шаҳрвандон хушмуомила буда, байни худ эҳтиром пайдо кунанд.