Машғулиятҳои семинарии кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар моҳи майи соли 2019

Санаи 31 майи соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон бо иштироки Раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П., сардори Раёсати суди вилоят Нуриддинзода А.А., мутахассиси пешбари Раёсати суди вилояти Муродзода Н. ва мутахассис-мушоири суди вилоят Пирмуҳаммадзода С. машғулияти семинарии кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар машғулияти мазкур ҳамаи кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва суди вилоят иштирок намуда, тибқи нақшаи кории машғулиятҳои семинарӣ барои нимсолаи якуми соли 2019 дар мавзӯҳои гуногун шахсони вобасташуда баромадҳо доир намуданд.

   

Хусусан дар машғулияти мазкур Ҳусензода У.-сардори шӯъбаи умумии Суди ноҳияи Ёвон, Қурбонов Т.-котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи А.Ҷомӣ, Ҷуразода Ҷ.-котиби маҷлиси судии Суди вилояти Хатлон, Суҳроб Тоҳирӣ-котиби Суди ноҳияи Қубодиён, Азимиён Беҳруз-коргузори Суди ҳарбии гарнизони Хатлон дар мавзӯҳои «Истифодаи қонунгузории ақди никоҳ ва оила нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ» , «Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд», «Тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ»,  «Шартномаи пудрат», «Хусусиятҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазои ноболиғон» баромад намуданд.

Дар машғулияти мазкур раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П. баромад карда,  ҳамаи кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро таъкид карда, ки дар кори худ пурмасъулият буда, саривақт ва бо сифат вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо иҷро карда, ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи ҳокимияти судӣ, алалхусус ба кирдорҳои характери коррупсионидошта даст назананд. Бо шаҳрвандон хушмуомила буда, байни худ эҳтиром пайдо кунанд.