Машғулиятҳои семинарии кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар моҳи марти соли 2019

Санаи 29 марти соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон бо иштироки Раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П., судяи Суди вилояти Хатлон Олимзода У.Р. ва сардори Раёсати суди вилоят Нуриддинзода А.А. машғулияти семинарии кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар машғулияти мазкур ҳамаи кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва суди вилоят иштирок намуда, тибқи нақшаи кории машғулиятҳои семинарӣ барои нимсолаи якуми соли 2019 дар мавзӯҳои гуногун шахсони вобасташуда баромадҳо доир намуданд.

Хусусан дар машғулияти мазкур Зиёев А. -котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Хуросон,  Холназарзода Х.-тарҷумони Суди ҳарбии гарнизони Хатлон, Боймуродзода Д.- котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Кӯшониён, Раҳимова Н.-котиби маҷлиси судии Суди шаҳри Бохтар, Вализода Ҷ.-котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Хуросон дар мавзӯҳои «Вақти корӣ» , «Таъмини даъво», «Протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ»,  «Ҳокимияти судӣ ва нақши он дар Конститутсия», «Хусусиятҳои коргузорӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ, таъини муҳокимаи судӣ ва омодагӣ ба он» баромад намуданд.

Дар машғулияти мазкур раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П. баромад карда,  ҳамаи кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро таъкид карда, ки дар кори худ пурмасъулият буда, саривақт ва бо сифат вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо иҷро карда, ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи ҳокимияти судӣ, алалхусус ба кирдорҳои характери коррупсионидошта даст назананд. Бо шаҳрвандон хушмуомила буда, байни худ эҳтиром пайдо кунанд.