Машғулиятҳои семинарии кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар моҳи ноябри соли 2019

Санаи 29 ноябри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон бо иштироки Раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П., сардори Раёсати суди вилоят Нуриддинзода А.А., мутахассиси суди вилояти Пирмуҳаммадзода С.Н. машғулияти семинарии кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон баргузор гардид.

   

Пеш аз оғози семинар-машғулият  раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Рустам Пираҳмад кормандони фаъоли дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро бахшида ба Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 2019 баргузор гардида буданд, барои софдилона иҷро намудани вазифаҳои хизматиашон дар таҳкиму таъмини адолати судӣ,  бо ифтихорномаҳою суханрониҳои табрикӣ сарфароз гардонид.

Баъди анҷоми супоридани ифтихорномаҳои раиси суди вилоят, машғулиятро оғоз намуда, дар он тибқи нақшаи кории машғулиятҳои семинарӣ барои нимсолаи дуюми соли 2019 дар мавзӯҳои гуногун шахсони вобасташуда баромадҳо доир намуданд.

Хусусан дар машғулияти мазкур Машрабзода К..-котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Панҷ, Суҳроб Т.-котиби маҷлиси судии Суди ноияи Қубодиён, Азимиён Б.-коргузри Суди ҳарбии гарнизони Хатлон дар мавзӯҳои “Муаррифии китоби “Суханҳои ҳикматомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” Дашанбе-18 , “шарҳи муҳтавои рисолаи Ятимов Саймумин “Илм ва амният” Ҷумҳурият, санаи нашр 30.05.2017 сол, №107, “Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 19.04.2019 сол, таҳти №1242 тасдиқ шудааст”,  “Дидаю дониста ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва оқибатҳои ҳуқуқии он” баромад намуданд.

Дар машғулияти мазкур раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П. баромад карда,  ҳамаи кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро таъкид карда, ки дар кори худ пурмасъулият буда, саривақт ва бо сифат вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо иҷро карда, ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи ҳокимияти судӣ, алалхусус ба кирдорҳои характери коррупсионидошта даст назананд. Бо шаҳрвандон хушмуомила буда, байни худ эҳтиром пайдо кунанд.