Машғулиятҳои семинарии кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

Санаи 1 феврали соли 2019 дар толори мачлисгоҳи Суди вилояти Хатлон бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П., судяи суди вилоят Амонзода А.Э. ва сардори Раёсати суди вилоят Нуриддинзода А.А. машғулияти семинарии кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар машғулияти мазкур ҳамаи кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва суди вилоят иштирок намуда, тибқи нақшаи кории машғулиятҳои семинарӣ барои нимсолаи якуми соли 2019 дар мавзӯҳои гуногун шахсони вобасташуда баромадҳо доир намуданд.

 

Хусусан дар машғулияти мазкур Абдураҳимов У.-сардори шуъбаи умумии Суди ноҳияи Қубодиён, Салимзода Ё.-котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Кӯшониён, Раҳматуллозода Ш.-котиби маҷлиси судии Суди шаҳри Леваканд, Воҳидзода А.- пристави судии Суди ноҳияи Дӯстӣ, Ҷалолова Г.-котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Вахш, дар мавзӯи “Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд (бобои 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)” , “Ҷинояти нотамом ва хотимаёфта”, “Пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ”,  “Асосҳои рад ва қатъ намудани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ”, “Ҳайати суд. Рад намудан” баромад намуданд.

Дар машғулияти мазкур раиси суди вилоят Мирзозода Р.П. баромад карда,  ҳамаи кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро таъкид карда, ки дар кори худ пурмасъулият буда, саривақт ва бо сифат вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо иҷро карда, ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи ҳокимияти судӣ, алалхусус ба кирдорҳои характери коррупсионидошта даст назананд. Бо шаҳрвандон хушмуомила буда, байни худ эҳтир пайдо кунанд.