Машғулиятҳои семинарии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар моҳи феврали соли 2020

  

Санаи 28 феврали соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки  раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П., муовини раис Муҳидинзода С.С., судяҳои суди вилоят ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон (минтақаҳои Бохтар ) машғулияти семинарӣ дар моҳи январ баргузор гардид.

 

Инчунин дар семинари мазкур муовини якуми раиси ноҳияи А.Ҷомӣ  иштирок намуда,  бо судяҳои судҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шиносоӣ пайдо карда, изҳори сипосгузорӣ намуд. Чунончӣ қайд намуд, ки баҳри боз ҳам зич намудани ҳамкорӣ дар самти риояи дақиқи қонунҳо, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, вайроншавии оилаҳо, тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтироми қонун, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар ҳамбастаги бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон кушиш ба харҷ диҳанд.

 

Дар рафти машғулияти семинарӣ раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П. оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар вохӯрӣ бо судяҳо (21 ноябри соли 2019) баромад намуданд.ва Пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, сабаб ва шарту шароитҳои ба онҳо мусоидаткарда, мавриди муҳокимаронӣ қарор доданд.

 

Дар семинари мазкур тибқи Нақшаи кории машғулиятҳои семинарии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои нимсолаи якуми соли 2020  судяи Суди шаҳри Бохтар Холдорзода Х., судяи Суди ноҳияи Бохтар Аламшозода Ф., судяи Суди ноҳияи Вахш Назарзода А.,судяи Суди ноҳияи Қубодиён Иброҳимзода М., ва раисиони коллегияҳои судии Суди вилояти Хатлон дар мавзӯҳои “Баррасии парвандаҳои гражданӣ дар асоси мубоҳиса ва баробарҳуқуқии тарафҳо”, “Мазмун, мундариҷа ва аҳамияти аҳдномаи никоҳ дар амалияи судӣ”, “Тартиби баррасӣ кардани парвандаҳо оид ба ҷинояти ноболиғон”, “Ҳолатҳое, ки ҳангоми баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бояд исбот карда шаванд” ва “Эълонҳо, муҳокимаи пешниҳодҳо”баромад намуданд.

Инчунин дар машғулияти семинарии мазкур раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П. баромад карда, қайд карда, ки дар семинарҳои оянда ҷиддӣ тайёрӣ дида, дар фаъолияти кории худ ҳангомии баррасии парвандаҳо ба хатогиҳо роҳ надиҳанд, парвандаҳоро сари вақт ва бо сифат баррасӣ намоянд, инчунин даст ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи судяҳо даст назананд, ҳамавақт ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд.