Машғулиятҳои семинарии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар моҳи июли соли 2019

 

Санаи 26 июли соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2 -и ноҳияи Панҷ бо иштироки  раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П., муовини якуми раиси Бойзода Т.Г., муовини раис Муҳидинзода С.С., судяҳои суди вилоят ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон (минтақаҳои Бохтар) машғулияти семинарӣ дар моҳи июл баргузор гардид.

Дар машғулияти семинарии мазкур и.в.раиси ноҳияи Панҷ бо судяҳои суди вилоят  ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон (минтақаи Бохтар) иштирок намуда, шиносоӣ пайдо карда, изҳори сипосгузорӣ намуд. Чунончӣ қайд намуд, ки баҳри боз ҳам зич намудани ҳамкорӣ дар самти риояи дақиқи қонунҳо, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, вайроншавии оилаҳо, тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтироми қонун, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар ҳамбастаги бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ кушиш ба харҷ диҳанд.

Дар семинари мазкур тибқи Нақшаи кории машғулиятҳои семинарии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои нимсолаи дуюми соли 2019  раиси Суди ноҳияи Ҷ.Балхӣ Сайдалӣ С.С., раиси Суди ноҳияи Кӯшониён Давлатзода С., раиси Суди шаҳри Левакант Назарзода Р.Ҳ., и.в.раиси Суди ноҳияи Ёвон Иброҳимзода Ш., судяи Суди ноҳияи Ёвон Зарифзода А.  ва раисиони коллегияҳои судии Суди вилояти Хатлон дар мавзӯҳои «Аҳдномаи Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъизи занон», «Хусусияти хоси баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба авбошӣ», «Далелҳо ва воситаҳои исбот. Дахлдорӣ ва ҷоизии далелҳо вобаста ба парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ», «Ҳуқуқ ба мерос. Меросгирӣ мутобиқи қонун ва васиятнома, қабул ва даст кашидан аз мерос»,  «Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахсе, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад» баромад намуданд.

Инчунин дар машғулияти семинарии мазкур раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П. баромад карда, қайд карда, ки дар семинарҳои оянда ҷиддӣ тайёрӣ дида, дар фаъолияти кории худ ҳангомии баррасии парвандаҳо ба хатогиҳо роҳ надиҳанд, парвандаҳоро сари вақт ва бо сифат баррасӣ намоянд, инчунин даст ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи судяҳо даст назананд, ҳамавақт ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд.