Машғулиятҳои семинарии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар моҳи январи соли 2020
Санаи 31 январи соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П., муовини раис Муҳидинзода С.С., судяҳои суди вилоят ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон (минтақаҳои Бохтар ) машғулияти семинарӣ дар моҳи январ баргузор гардид.
Инчунин дар семинари мазкур муовини якуми раиси ноҳияи Ёвон Набизода Аскар иштирок намуда, бо судяҳои судҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шиносоӣ пайдо карда, изҳори сипосгузорӣ намуд. Чунончӣ қайд намуд, ки баҳри боз ҳам зич намудани ҳамкорӣ дар самти риояи дақиқи қонунҳо, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, вайроншавии оилаҳо, тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтироми қонун, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар ҳамбастаги бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон кушиш ба харҷ диҳанд.
Пеш аз оғози семинар раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П. оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар вохӯрӣ бо судяҳо (21 ноябри соли 2019), баромад намуданд.
Дар семинари мазкур тибқи Нақшаи кории машғулиятҳои семинарии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои нимсолаи якуми соли 2020 судяи Суди шаҳри Норак Расулзода М., раиси Суди шаҳри Левакант Назарзода Р., судяи Суди шаҳри Бохтар Иброҳимзода Д., судяи Суди ҳарбии гарнизони Хатлон Рафиқзода А., раиси Суди ноҳияи Вахш Муминзода Ҳ.К. ва раисиони коллегияҳои судии Суди вилояти Хатлон дар мавзӯҳои «Тартиби баррасии парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ дар мурофиаи ошкоро ва пӯшидаи маҷлиси судӣ», «Баррасии парвандаҳо вобаста ба эътиборнок донистани никоҳ (санатсияи никоҳ моддаи 30 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон)», «Ҳолатҳое. ки пешбурди парвандаи ҷиноятиро истисно мекунад», «Саркашии хизматчии ҳарбӣ аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи расонидани зарар ба худ (узваимбкунӣ) ё усусли дигар», «Иштироки намояндагон ҳангоми баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» ва «Таҳлили сабабу асосҳои бекоршавии санадҳои судӣ дар моҳи январи соли 2020» ва «Эълонҳо, муҳокимаи пешниҳодҳо»баромад намуданд.
Инчунин дар машғулияти семинарии мазкур раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П. баромад карда, қайд карда, ки дар семинарҳои оянда ҷиддӣ тайёрӣ дида, дар фаъолияти кории худ ҳангомии баррасии парвандаҳо ба хатогиҳо роҳ надиҳанд, парвандаҳоро сари вақт ва бо сифат баррасӣ намоянд, инчунин даст ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи судяҳо даст назананд, ҳамавақт ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд.