Машғулиятҳои семинарии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар моҳи майи соли 2019

Санаи 31 майи соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон бо иштироки Муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исҳоқӣ А.Н., раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П., муовини якуми раиси Бойзода Т.Г., муовини раис Муҳидинзода С.С., судяҳои суди вилоят ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон (минтақаҳои Бохтар ва Кӯлоб) машғулияти семинарӣ дар моҳи май доир гардид.

Дар семинари мазкур тибқи Нақшаи кории машғулиятҳои семинарии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои нимсолаи якуми соли 2019  судяи Суди ноҳияи Қубодиён Назариён А.., раиси Суди ноҳияи Темурмалик Сайдализода Ҳ., судяи Суди ноҳияи Шаҳритуз Сафарзода Ф., судяи Суди ноҳияи Фархор  Иброҳимзода С., судяи Суди ноҳияи Ёвон Зарифзода Г., судяи Суди ноҳияи Ховалинг Наимзода Ф., судяи Суди ноҳияи Хуросон Шоҳиён Ф., раиси Суди ноҳияи Ш.Шоҳин Муминзода З.Т.,  ва раисиони коллегияҳои судии Суди вилояти Хатлон дар мавзӯҳои «Гарав, намудҳои грав ва тартиби иҷрои он», «Таъмини ҳуқуқи кӯдак ҳангоми баррасии парвандаҳои оилавӣ», «Далелҳо дар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ», «Ҳолатҳое, ки пешбурди парвандаи ҷиноятиро истисно мекунанд, рад ва қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ»,  «Таҳлили сабабу асосҳои бекоршавии санадҳои судӣ дар моҳи майи соли 2019» баромад намуданд.

Инчунин дар машғулияти семинарии мазкур муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исҳоқӣ А.Н. баромад карда, қайд карда, ки дар семинарҳои оянда ҷиддӣ тайёрӣ дида, дар фаъолияти кории худ ҳангомии баррасии парвандаҳо ба хатогиҳо роҳ надиҳанд, парвандаҳоро сари вақт ва бо сифат баррасӣ намоянд, инчунин даст ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи судяҳо даст назананд, ҳамавақт ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд.