Машғулиятҳои семинарии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар моҳи марти соли 2019

Санаи 29 марти соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П., муовини якуми раиси Бойзода Т.Г., муовини раис Муҳидинзода С.С., судяҳои суди вилоят ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон (минтақаи Бохтар) машғулияти семинарӣ дар моҳи март доир гардид.

Дар семинари мазкур тибқи Нақшаи кории машғулиятҳои семинарии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои нимсолаи якуми соли 2019  судяи Суди ноҳияи Дӯстӣ Ҳамрохонзода У., судяи Суди судяи Суди ноҳияи Шаҳритуз Нозимзода Ш., судяи Суди шаҳри Бохтар Ғафурзода Т., Судяи Суди шаҳри Левакант , судяи Суди ҳарбии гарнизони Хатлон Ҳокмизода Д. ва раисиони коллегияҳои судии Суди вилояти Хатлон дар мавзӯҳои «Усуслҳои таъмини иҷрои ӯҳдадорӣ дар ҳуқуқи гражданӣ», «Мазмун, мундариҷа ва аҳамияти аҳдномаи никоҳ дар амалияи судӣ», «Қоидаҳои тафсири қонуни ҷиноятӣ», «Хусусияти баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Баррасии парвандаҳо оиди худсарона тарк кардани қисми ҳарбӣ ё маҳалли хизмат», «Таҳлили сабабу асосҳои бекоршавии санадҳои судӣ дар моҳи марти соли 2019» баромад намуданд.

Инчунин аз фурсати муносиб истифода намуда, раиси суди вилоят Мирзозода Р.П. собиқ судяи Суди вилояти Хатлон Пирмуҳаммадзода Сайфиддин Насриддинро барои ба сари баланд ба нафақа баромаданаш ва барои ба халқу Ватани худ софдилона хизмат карданаш  табрик намуд.

Собиқ судяи суди вилоят Пирмуҳаммадзода С.Н.. баромад карда миннатдори баён намуд.

Ҳамзамон баъди баргузории машғулияти семинарӣ раиси суд, муовинони ӯ ва судяҳои суди вилоят бо фаъолони ноҳияи Ҷ.Балхӣ вохурӣ доир намуда, дар он вобаста ба пешгирии вайроншавии оилаҳо, пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгири содиршавии ҷиноят, алалхусус пешгири гардиши ғайриқонуни маводи мухадир байни ҷавонон, пешгирии экстремизум терроризм, фаҳмонидани мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, риояи талаботҳои Қонунҳои миллӣ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд » ва «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.