Машғулиятҳои семинарии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар моҳи ноябри соли 2019

 

Санаи 29 ноябри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки  раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П., муовини раис Муҳидинзода С.С., судяҳои суди вилоят ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон (минтақаҳои Бохтар ва Кӯлоб) машғулияти семинарӣ дар моҳи ноябр баргузор гардид.

Дар машғулияти семинарии мазкур муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Лутфуллозода Шавкат ва раиси коллегияи Суди Олӣ Қодирзода Тоҳир Қамар , раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Рустам Пираҳмад бо муовинони раиси суди вилоят Муҳидинзода Сайфиддин Салоҳ ва Табарзода Изатулло иштирок намуданд.

Инчунин дар семинари мазкур раиси ноҳияи Дӯстӣ Саидзода Нурмуҳаммад Хол иштирок намуда,  бо судяҳои судҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шиносоӣ пайдо карда, изҳори сипосгузорӣ намуд. Чунончӣ қайд намуд, ки баҳри боз ҳам зич намудани ҳамкорӣ дар самти риояи дақиқи қонунҳо, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, вайроншавии оилаҳо, тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтироми қонун, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар ҳамбастаги бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ кушиш ба харҷ диҳанд.

Пеш аз оғози семинар муовини якуми Раиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Лутфуллозода Ш. ва раиси коллегияи Суди Олӣ Қодирзорда Т.Қ. оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар вохӯрӣ бо судяҳо (21 ноябри соли 2019), баромад намуданд.

Дар семинари мазкур тибқи Нақшаи кории машғулиятҳои семинарии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои нимсолаи дуюми соли 2019  раиси Суди шаҳри Бохтар Ёқубзода А.Х., раиси Суди ноҳияи Хуросон Маҷидзода А., раиси Суди ноҳияи А.Ҷомӣ Зуҳурзода Д.Ш., раиси Суди шаҳри Норак Аҳёзода Ш.С.  ва раисиони коллегияҳои судии Суди вилояти Хатлон дар мавзӯҳои «Ҳуқуқи шахсони иштирокчии парванда оид ба тағйир додани даъво, даст кашидан аз даъво, эътироф намудани даъво, созиши оштӣ», «Таҷрибаи судӣ вобаста ба баррасӣ кардани парвандаҳои гражданӣ оид ба бартараф кардани монеагии истифодаи замин», «Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи қонунгузории гумрук», «Масъалаҳое, ки суд ҳангоми баровардани ҳукм ҳал мекунад»,  «Таҳлили сабабу асосҳои бекоршавии  санадҳои судӣ дар моҳи ноябри соли 2019» ва «Эълонҳо, муҳокимаи пешниҳодҳо»баромад намуданд.

Инчунин дар машғулияти семинарии мазкур раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П. баромад карда, қайд карда, ки дар семинарҳои оянда ҷиддӣ тайёрӣ дида, дар фаъолияти кории худ ҳангомии баррасии парвандаҳо ба хатогиҳо роҳ надиҳанд, парвандаҳоро сари вақт ва бо сифат баррасӣ намоянд, инчунин даст ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи судяҳо даст назананд, ҳамавақт ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд.