Машғулиятҳои семинарии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар моҳи октябри соли 2019

 

 

Санаи 25 октябри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки  раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П., муовини раис Муҳидинзода С.С., судяҳои суди вилоят ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон (минтақаҳои Бохтар) машғулияти семинарӣ дар моҳи октябр баргузор гардид.

Дар машғулияти семинарии мазкур раиси ноҳияи Ҷайҳун бо судяҳои суди вилоят  ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон (минтақаи Бохтар) иштирок намуда, шиносоӣ пайдо карда, изҳори сипосгузорӣ намуд. Чунончӣ қайд намуд, ки баҳри боз ҳам зич намудани ҳамкорӣ дар самти риояи дақиқи қонунҳо, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, вайроншавии оилаҳо, тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтироми қонун, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар ҳамбастаги бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун кушиш ба харҷ диҳанд.

 

Дар семинари мазкур тибқи Нақшаи кории машғулиятҳои семинарии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои нимсолаи дуюми соли 2019  судяи Суди ноҳияи Вахш Назарзода А., Мирзозода С. судяи Суди ноҳияи Ҷ.Балхӣ, судяи Суди ноҳияи Хуросон Шоҳиён Ф., судяи Суди ноҳияи Хуросон Раҳмонзода И. ва раисиони коллегияҳои судии Суди вилояти Хатлон дар мавзӯҳои “Баррасии парвандаҳои гражданӣ вобаста ба рӯёнидани зарари моддӣ ва маънавӣ”, “Хусусият ва тартиби баррасии парвандаҳо оид ба фарзандхондӣ”, “Хусусияти хоси баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати ноболиғон”, “Тартиби татбиқи моддаи 48 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ”,  “Таҳлили сабабу асосҳои бекоршавии  санадҳои судӣ дар моҳи октябри соли 2019” ва “Эълонҳо, муҳокимаи пешниҳодҳо”баромад намуданд.

Инчунин дар машғулияти семинарии мазкур раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П. баромад карда, қайд карда, ки дар семинарҳои оянда ҷиддӣ тайёрӣ дида, дар фаъолияти кории худ ҳангомии баррасии парвандаҳо ба хатогиҳо роҳ надиҳанд, парвандаҳоро сари вақт ва бо сифат баррасӣ намоянд, инчунин даст ба кирдорҳои пастзанандаи шаъну шарафи судяҳо даст назананд, ҳамавақт ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд.