Машғулиятҳои семинарии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

Санаи 1 феврали соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П., муовини якуми раиси Бойзода Т.Г., муовини раис Муҳидинзода С.С., судяҳои суди вилоят ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон (минтақаи Бохтар) машғулияти семинарӣ барои моҳи январ доир гардид.

Дар семинари мазкур тибқи Нақшаи кории машғулиятҳои семинарии судяҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои нимсолаи якуми соли 2019  судяи Суди шаҳри Бохтар Иброҳимзода Д., судяи Суди шаҳри Норак Расулзода М., раиси Суди шаҳри Левакант Назарзода Р., судяи Суди ҳарбии гарнизони Хатлон Рафиқзода А. , судяи Суди ноҳияи Кӯшониён Аламшозода Ф. ва раисиони коллегияҳои судии Суди вилояти Хатлон дар мавзӯҳои «Тарзҳои ҳифзи моликияти зеҳнӣ», «Тартиби рӯёнидани алимент барои кӯдакони ноболиғ тибқи тартиби судӣ», Тасниф ва аломатҳои таркиби ҷинояти одамкӯшӣ», «Баррасии парвандаҳо вобаста ба сӯиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳаддӣ ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё бефаъолиятии ҳокимият, суиистифодаи ваколатҳои хизматӣ», «Принсипҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва амал намудани он дар таҷрибаи судӣ», «Таҳлили сабабу асосҳои бекоршавии санадҳои судӣ дар моҳи январи соли 2019» баромад намуданд.

Инчунин аз фурсати муносиб истифода намуда, раиси суди вилоят Мирзозода Р.П. собиқ судяи Суди вилояти Хатлон Раҳимзода Д-ро барои ба сари баланд ба нафақа баромаданаш ва барои ба халқу Ватани худ софдилона хизмат карданаш  табрик намуд.

Собиқ судяи суди вилоят Раҳимзода Д. баромад карда миннатдори баён намуд.

Ҳамзамон баъди баргузории машғулияти семинарӣ раиси суд, муовинони ӯ ва судяҳои суди вилоят бо фаъолони ноҳияи Қубодиён вохури доир намуда, дар он вобаста ба пешгирии вайроншавии оилаҳо, пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгири содиршавии ҷиноят, алалхусус пешгири гардиши ғайриқонуни маводи мухадир байни ҷавонон, пешгирии экстремизум терроризм, риояи талаботҳои Қонунҳои миллӣ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд » ва «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.