МАШҒУЛИЯТИ СЕМИНАРИИ КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ СУДИ ВИЛОЯТ ВА СУДҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН (24.09.2021 сол)

  

 

Санаи 24 сентябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон бо риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ машғулияти семинарии кормандони дастгоҳҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар семинари мазкур  раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Рустам Пираҳмад, сардори шуъбаи умумии Суди вилояти Хатлон Муродзода Н., мутахассиси Раёсати Суди вилояти Хатлон Абдуллозода Бахтиёр ва кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок варзиданд.

Пеш аз оғоз намудани машғулияти семинарӣ раиси суди вилоят муҳтарам Мирзозода Р.П. кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро, ки дар паради ҳарбӣ санаи 7 сентябри соли ҷорӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони назди мауҷассамаи Исмоили Сомонии шаҳри Бохтар иштирок намуданд, бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Сипас машғулияти семинарӣ оғоз гардид

Дар семинар кормандони масъули дастгоҳҳои судҳо тибқи Нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ дар мавзуҳои гуногун баромад карданд.

Раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Рустам Пираҳмад баромад карда, таъкид намуд, ки дар кори пурмасъулияти худ ҷиддӣ буда, ба кирдорҳои коррупсионӣ даст назананд, бо шаҳрвандон хушмуомила буда, интизоми меҳнатиро риоя намоянд.