МАШҒУЛИЯТИ СЕМИНАРИИ КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ СУДИ ВИЛОЯТ ВА СУДҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН (26.11.2021 сол)

 

  

Санаи 26 ноябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон бо риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ машғулияти семинарии кормандони дастгоҳҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар семинари мазкур муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Исҳоқӣ Амирхон Нусратулло, раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Рустам Пираҳмад, судяи Суди вилояти Хатлон Аҳмадзода М., мутахассисони Раёсати Суди вилояти Хатлон Холзода Исломудин, Абдуллозода Бахтиёр ва кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок варзиданд.

Пеш аз оғоз намудани машғулияти семинарӣ муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Исҳоқӣ А.Н. баромад карда, вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, сари вақт тайёр намудани протоколҳои маҷлиси судӣ, хусусан интизомӣ меҳнат ва муносибати хуб бо шаҳрвандон, суханронӣ намуда, сипас суханро ба раиси суди вилоят  муҳтарам Мирзозода Р.П. дод.

Раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Рустам Пираҳмад баромад карда, таъкид намуд, ки дар кори пурмасъулияти худ ҷиддӣ буда, ба кирдорҳои коррупсионӣ даст назананд, бо шаҳрвандон хушмуомила буда, интизоми меҳнатиро риоя намоянд.

Сипас, дар семинар кормандони масъули дастгоҳҳои судҳо тибқи Нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ дар мавзуҳои гуногун баромад карданд.