МАШҒУЛИЯТИ СЕМИНАРИИ КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ СУДИ ВИЛОЯТ ВА СУДҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН (28.07.2023 сол)

  

Санаи 28 июли соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон машғулияти семинарии кормандони дастгоҳҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  баргузор гардид.

Дар семинари мазкур судяи Суди вилояти Хатлон Мирзозода Неъмат, мутахассиси шӯъбаи таъмину ташкили фаъолияти судҳои Суди вилояти Хатлон Холзода Исломудин, кормандони дастгоҳҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок варзиданд.

Судяи суди вилоят Мирзозода Неъмат баромад карда, таъкид намуд, ки дар кори пурмасъулияти худ ҷиддӣ буда, ба кирдорҳои коррупсионӣ даст назананд, бо шаҳрвандон хушмуомила буда, интизоми меҳнатиро риоя намоянд.

Сипас, дар семинар кормандони масъули дастгоҳҳои судҳо тибқи Нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ дар мавзуҳои гуногун баромад карданд.