МАШҒУЛИЯТИ СЕМИНАРИИ КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ СУДИ ВИЛОЯТ ВА СУДҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН (29.10.2020 сол)

 

Субҳи имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон бо риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ машғулияти семинарии кормандони дастгоҳҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар семинари мазкур  раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, судяҳоиСуди вилояти Хатлон Мирзогда Неъмат ва Аҳмадзода Маҷид, мутахассиси Раёсати Суди вилояти Хатлон Холзода Ислом ва кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок варзиданд.

Дар семинар кормандони масъули дастгоҳҳои судҳо тибқи Нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ дар мавзуҳои гуногун баромад карданд.

Раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П. баромад карда, таъкид намуд, ки дар кори пурмасъулияти худ ҷиддӣ буда, ба кирдорҳои коррупсионӣ даст назананд, бо шаҳрвандон хушмуомила буда, интизоми меҳнатиро риоя намоянд.