МАШҒУЛИЯТИ СЕМИНАРИИ КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ СУДИ ВИЛОЯТ ВА СУДҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН (28.08.2020 сол)

Санаи 28 августи соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон бо риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ машғулияти семинарии кормандони дастгоҳҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар семинари мазкур муовини якуми раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Бойзода Темур Гулбой, судяи Суди вилояти Хатлон Хидирзода Ботир ва кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок варзиданд.

Дар семинар кормандони масъули дастгоҳҳои судҳо тибқи Нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ дар мавзуҳои гуногун баромад карданд.

муовини раиси Суди вилояти Хатлон Бойзода Т.Г. баромад карда, таъкид намуд, ки дар кори пурмасъулияти худ ҷиддӣ буда, ба кирдорҳои коррупсионӣ даст назананд, бо шаҳрвандон хушмуомила буда, интизоми меҳнатиро риоя намоянд.