МАШҒУЛИЯТИ СЕМИНАРИИ КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ СУДИ ВИЛОЯТ ВА СУДҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН (30.07.2020 сол)

Санаи 30 июли соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон бо риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ машғулияти семинарии кормандони дастгоҳҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар семинари мазкур раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, судяи Суди вилояти Хатлон Амонзода Аскаралӣ ва кормандони дастгоҳҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок варзиданд.

Дар семинар кормандони масъули дастгоҳҳои судҳо тибқи Нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ дар мавзуҳои гуногун баромад карданд.

 

Раиси Суди вилояти Хатлон Мирзозода Р.П. баромад карда, таъкид намуд, ки дар кори пурмасъулияти худ ҷиддӣ буда, ба кирдорҳои коррупсионӣ даст назананд, бо шаҳрвандон хушмуомила буда, интизоми меҳнатиро риоя намоянд.