МАШҒУЛИЯТИ СЕМИНАРИИ КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ СУДИ ВИЛОЯТ ВА СУДҲОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ (31.03.2023 сол)

Санаи 31 марти соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб  машғулияти семинарии кормандони дастгоҳҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб баргузор гардид.

Дар семинари мазкур раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор, сардорои Раёсати таъмини такшили кори судҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Додозода Абдуманнон, судяи Суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Одиназода Ҳусейн,  кормандони дастгоҳҳои суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб иштирок варзиданд.

Раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Нуриддин Ғафор баромад карда, таъкид намуд, ки дар кори пурмасъулияти худ ҷиддӣ буда, ба кирдорҳои коррупсионӣ даст назананд, бо шаҳрвандон хушмуомила буда, интизоми меҳнатиро риоя намоянд.

Сипас, дар семинар кормандони масъули дастгоҳҳои судҳо тибқи Нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ дар мавзуҳои гуногун баромад карданд.